Э, ту хам як номарди дигар. Агар рафта ба руи президент хамин масхараю маломатхота мекарди, мегуфтам марди. Дар як чо бофарогат нишаста, каси дигарро танкид кардан осон аст. Ку худат президент мебуди, чи кор мекарди? Чигуна ин кишвари факрзадаро аз бенавоию тихидасти мебароварди? Ягон пешниходот ё барномаи бехбудии ватан дори? Дар бадбахтии кишвар танхо президент гунахгор нест, тамоми чомеъаи Точикистон гунахкор аст. Чигуна инсон будани Эмомали Рахмона наслхои оянда казоват хохад кард, на ману ту. Аз суханони охирини Бозор Собир казоват кун. Хак бар чониби уст, ки мегуяд аз тамоми мардуми Точикистон безораст, чунки мо аз дарун пусидаем, зиштху ва пастсиришт гаштаем. Дар кучахои Душанбе мегардаму касе бо лахни хуб гап намезанад, суханони мардум бо дашному хакорати бадтарин омехтааст. Хама фиребгар, хама дуруя, хама паст, хама зишт. Э, вой бар мо. Садкаи фарханг шавем, садкаи номусу шараф шавем. Иззату эхтиром ба якдигар надорем.
↧